Ҳукми эъдоми ҳамлагар ба Алмаатои Қазоқистон
(last modified 2016-11-02T16:11:48+00:00 )
Ноябр 02, 2016 21:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми эъдоми ҳамлагар ба Алмаатои Қазоқистон

Додгоҳе дар Қазоқистон аз судури ҳукми эъдом барои фарди ҳамлагар ба шаҳри Алмаато хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Руслан Кулакбоеви 26-сола, ки ба куштани 10 тан, аз ҷумла ҳашт полис дар моҳи июл дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон эътироф кардааст, ба эъдом маҳкум шуд.

 Агарчи Қазоқистон муҷозоти эъдомро аз соли 2003 ба ҳоли таълиқ даровардааст, аммо қонуни асосии ин кишвар дар баъзе мавориди хос, аз ҷумла дар мавориди марбут ба ҳамлаҳои террористӣ, манъе барои иҷрои ҳукми эъдом надорад.

  Дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба ду аслиҳафурӯшӣ ва пойгоҳи низомӣ дар шаҳр Оқтеппа дар ғарби Қазоқистон дар моҳи июни гузашта низ чаҳор ғайринизомӣ ва се низомӣ кушта шуданд.

  Дар ҳоли ҳозир 9 нафар ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамлаҳо дар ҳоли муҳокима ҳастанд ва 21 нафар низ дар моҳи август дар ҳамин минтақа аз Қазоқистон ба иттиҳоми тавтиа барои ҳамлаҳои террористӣ дар маконҳои умумӣ боздошт шуданд.