Август 12, 2021 17:50 Asia/Dushanbe
  • Ашрафғанӣ : Ваҳдати шиъаву суннӣ дар Афғонистон бесобиқа аст

Раиси ҷумҳӯрии Афғонистон таъкид кард ваҳдати шиъаву суннӣ дар ин кишвар бесобиқа аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ОВО,Ашрафғанӣ зуҳри имрӯз ( панҷшанбе ) дар дидор бо аъзои Шӯрои уламои шиъа, Шӯрои олии танзими умӯри динӣ ва намояндагони ҳайати уманои масоҷид дар робита бо гиромидошти даҳаи Ошӯро  дар арги раёсати ҷумҳӯрии ин кишвар гуфт: Паёми ошӯро-паёми озодӣ, иззат, сарбаландӣ ва напазируфтани зиллат аст ва ин паём имрӯз барои мардуми Афғонистон бисёр боаҳамият аст .
Вай бо ишора ба ҷанги ҷорӣ дар Афғонистон гуфт: Имрӯз бояд ба мардум возеҳу равшан бигӯем, ки давлат мудофеъи фарҳангу арзишҳои исломӣ аст ва дар ҳоле ки тарафи муқобили ҷуз хушунату қатл чизе дигаре намешиносад .
Раиси ҷумҳӯри Афғонистон аз уламои ин кишвар хост дар даҳаи Муҳаррам ваҳдати фиқҳи шиъаву сунниро барои мардуми Афғонистон ташреҳ кунанд ва имрӯз, рӯзи муқовимати миллӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии миллӣ аст ва зарурат аст, ки барои ҷилавгирӣ аз фоҷеъаҳо аз қиёми Ошуро биомузем .
Сарвар Дониш-муовини дувуми раёсати ҷумҳӯрии Афғонистон низ дар ин дидор фаро расидани айёми Ошуроро ба мардуми Афғонистон таслият гуфт ва вазъияти имрӯзи ин кишварро бо вазъияти замони қиёми Имом Ҳусайн муқоиса кард ва гуфт шароиту вазъияти имрӯзи мо, шароити ошуроӣ аст ва бояд аз он барои ошурои худ биомузем .
Дониш афзуд, ки Имом Ҳусайн на ҷангталаб буд ва на оғозгари ҷанг, балки дар муқобили истибдод, зулм ва беадолатӣ истод ва ба як ҳокими мустабиду золим байъат накард .
Вай афзуд: Шароити имрӯзи Афғонистон низ мушобеҳи шароити он замон аст ва гурӯҳи Толибон аз давлату мардуми Афғонистон мехоҳанд ки ё байъат кунанд ё инки кушта мешаванд ва роҳи сеюмӣ вуҷуд надорад .
Дониш бо ишора ба афзоиши хушунатҳо аз сӯи гурӯҳи Толибон гуфт: Акнун ҷаҳон низ медонад, ки Толибон сулҳ намехоҳанд ва мехоҳанд аз тариқи зӯру хушунат ба пирӯзӣ бирасанд .
Вай афзуд: Густариши доманаи хушунат аз сӯии ин гурӯҳро набояд пирӯзии онҳо арзёбӣ кунем ва интизор меравад ки ин мавҷҳо ба зудӣ фурӯ биншинад ва мардум сарнавишти худро дар даст гиранд .

 

Барчасп