Август 15, 2021 13:00 Asia/Dushanbe
  • Қатъи барқ дар Кобул ва ҳамлаҳои ҳавоии Амрико дар атрофи пойтахти Афғонистон

Ҳамзамон бо қатъи саросарии барқ дар пойтахти Афғонистон, Амрико нерӯҳои Толибон дар наздикии Кобулро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод .

Ба гузориши хабаргузории Форс ,манобеи афғон аз қатъи барқ дар Кобул дар шаби шанбе ва ҳамзамон ҳамалоти ҳавоии Амрико алайҳи Толибон дар атрофи ин шаҳр хабар доданд.
Канали телеграмии Собирин ниюз дар ин робита гузориш дод: Амрико дар наздикии Кобул дар ҳоли бомбаборони сангини корвонҳои Толибон аст .
Шабакаи Алҷазира низ ҳамзамон ба нақл аз як манбаи амниятии Афғонистон гузориш дод: 35 тан аз нерӯҳои Толибон дар ҳамалоти ҳавоии Амрико дар 3 вилояти Афғонистон кушта шуданд .
Нерӯҳои Толибон пас аз ба контрол гирифтани чандин вилоят дар Афғонистон ҳамакнун ба сӯи Кобул пешравӣ мекунанд. Хабарҳо аз даргирии нерӯҳои Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар атрофи Кобул ҳикоят дорад .



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп