Ҳимояти Толибон аз баргузории маросимҳои моҳи муҳаррам дар Афғонистон
(last modified Tue, 17 Aug 2021 13:08:19 GMT )
Август 17, 2021 18:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Толибон аз баргузории маросимҳои моҳи муҳаррам дар Афғонистон

Толибон бо судӯри эъломияе амнияти маросимҳои моҳи муҳаррам дар шаҳри Ҳироту дигари шаҳрҳои Афғонистонро тазмин кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Кобул, ин гурӯҳ ҳар гуна эҷоди музоҳимат барои маросимҳои моҳи муҳаррам дар шаҳри Ҳиротро мамнӯъ эълом кардааст.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ дар Балх, устондор таъйин шуда аз сӯи Толибон дар Балх  дар ҷамъи азодорон ҳусайнӣ гуфт, шиа ва суннӣ бародар ҳастанд ва имом Ҳусайн (а) фақат мутааллиқ ба шиаён нест.

Фармондори шаҳристони Сурх ва Порсо дар устони Парвон ҳам пас аз суханронӣ дар ҷамъи азодорони ҳусайнӣ, дар тавзеъ ва сарфи ғизои назрӣ ширкат кардааст.

Ин маросими азодорӣ дар Кобул, пас аз вурӯди нерӯҳои Толибон ба Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон низ баргузор мешавад.

Имом Ҳусайн (а), ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд, бо фидокории беназири хеш дар оварадгоҳи Карбало, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омухтанд.

 

Бештар бихонед: