Идомаи набардҳо алайҳи Толибон дар бахшҳое аз Афғонистон
Нерӯҳои таҳти амри муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон шаҳристони Чорикор, маркази вилояти Парвонро аз нерӯҳои Толибон пас гирифтанд.
Ба гузориши “Шафақно”, нерӯҳои Амруллоҳ Солеҳ, ки худро қонунан кафили раёсати ҷумҳурии Афғонистон муаррифӣ мекунад, шаҳри Чорикор дар вилояти Парвон, дар 64 километрии шимоли Кобулро аз дасти Толибон пас гирифтанд.
Як манбаи огоҳ зимни эъломи ин хабар таъкид кард: Дар ҳоли ҳозир набардҳо дар перомуни Панҷшер дар ҷараён аст.
Чорикор дар масири ҷодаи стратегие, ки Кобулро бо Мазори Шариф, бузургтарин шаҳр дар шимоли Афғонистон муттасил мекунад, қарор дорад.
Амруллоҳ Солеҳ ба тозагӣ дар паёме эълом кард, ки дар Афғонистон ҳузур дорад ва бар асоси қонуни асосии ин кишвар дар ғиёби раиси ҷумҳур қонунан сарпарасти раёсати ҷумҳуриро ӯҳдадор аст.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои Толибон ба Кобул дар 15 август аз кишвар хориҷ шуд.
Бештар бихонед:
- Русия: Толибон бо ДИИШ миёнаи хубе надорад
- Истиқболи давлати Афғонистон аз иқдоми Исмоилхон барои эҷоди ҷабҳаи мардумӣ алайҳи Толибон