Бародари Ашраф Ғанӣ ба Толибон пайваст
(last modified Sat, 21 Aug 2021 11:15:31 GMT )
Август 21, 2021 16:15 Asia/Dushanbe
  • Бародари Ашраф Ғанӣ ба Толибон пайваст

Бародари раисиҷумҳури собиқи Афғонистон дар дидор бо аъзои аршади Толибон ба ин гурӯҳ пайваст.

Ҳишмат Ғанӣ, бародари Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон дар дидор бо Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, узви аршади Толибон ба ин гурӯҳ пайваст.

Ғанӣ дар ин дидор ҳимояти хешро аз Толибон эълом кард .

Ҳаққонӣ пеш аз ин низ бо шуморе аз шахсиятҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқ,  Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳа ва  Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон дидор кардааст.

Бархе хабарнигорони наздик ба Толибон аз Ҳаққонӣ ба унвони волии Толибон барои Кобул ном мебаранд.

Бештар бихонед: