Август 22, 2021 13:26 Asia/Dushanbe
  • Назари сафири Қирғизистон дар Кобул дар бораи тасаллути Толибон дар Афғонистон

Сафири Қирғизистон дар Афғонистон бо ишора ба вазъияти ин кишвар гуфт : Ногузир ба ҳамкорӣ бо Толибон ҳастем .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мирослав Ниёзов-сафири Қирғизистон дар Афғонистон, ки ҳафтаи гузашта барои муолиҷа ба бемористоне дар Бишкек мунтақил ва бистарӣ шуд, дар мусоҳиба бо расонаҳои қирғизӣ гуфт : Ҳануз барои ба расмият шинохтани Толибон зуд аст .

Ӯ афзуд : Толибон-ҷумбиши радикалӣ аст, ки дар Қирғизистон мамнӯъ ва ба унвони гурӯҳи террористӣ шинохта шудааст.
Ниёзов дар бораи қирғизистониҳои муқими Афғонистон ҳам гуфт : 15 шаҳрванди Қирғизистон дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд,ки 9 шаҳрванд дар сафорати Қирғизистон дар Афғонистон ва 6 нафари дигар дар меҳмонхонаҳо иқомат доштанд .
Сафири Қирғизистон дар мавриди қавми қирғиз дар Афғонистон низ баён кард: Ҳеч гуна хушунат алайҳи онҳо вуҷуд надорад ва намояндагони Толибон бо мо ҳамкорӣ мекунанд .

Мирослав Ниёзов изҳор кард: Дар таърихи ҷангҳои Афғонистон қирғизҳо ҳаргиз дар маърази хушунат набудаанд, онҳо метавонанд озодона фаъолият кунанд.
Вай афзуд : Толибон амнияти сафоратхонаҳоро таъмин мекунад ва Қирғизистон ногузир аст, ки ба шакле бо Толибон ҳамкорӣ кунад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп