Бозгашти 150 паноҳҷуи афғонӣ аз Узбекистон
Вазорати умӯри хориҷаи Узбекистон эълом кард бар асоси тавофуқ бо Толибон 150 паноҳҷуи афғонистонӣ ба ин кишвар бозгардонда шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Узбекистон эълом кард дар натиҷаи тавофуқоте, ки бо намояндагони гурӯҳи Толибон барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна иқдомоти хушунатомез, озор ва азият алайҳи ин афрод 150 шаҳрванди Афғонистон ба хости худ ба ватани худ бозгардонда шуданд .
Вазорати хориҷаи Узбекистон бинобар иттилооти дарёфтӣ аз паноҳҷуёне, ки ба Афғонистон бозгаштанд, навиштааст ки пас аз анҷоми иқдомоти ташрифотии расмии лозимӣ алайҳи онҳо, ба онҳо иҷоза дода шуд ба хона бираванд ва акнун дар амнияти комил дар канори хонаводаҳои худ қарор доранд .
Илова бар ин дар чанд рӯзи гузашта 1982 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ аз тариқи хоки Узбекистон аз Афғонистон хориҷ шудаанд .
Бештар бихонед :
- Ташкили Созмони молии муштарак байни Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон
-
Фирори низомиёни артиши Афғонистон ба марзи Ҳайратон дар Узбекистон
-
Иқдомоти Русия барои кумак ба Тоҷикистон барои муқобила бо гуруҳҳои террористӣ