Нишасти сарони СПАД бо мавзӯи Афғонистон
Мақомҳои баландпояи гурӯҳи Толибон ба манзури кантроли комили авзоъи Афғонистон ва ба даст гирифтани ибтикори амал дар ин кишвар талоши музоаферо дар дастури кор қарор додаанд. Аз ҷумла ин ки мақомҳои Толибон ба ройзанӣ бо мақомҳои баландпояи кишварҳои ғарбӣ бавижа амрикоӣ ҳатто дидор бо Уилям Бернс, раиси Созмони ҷосусии Амрико (СИА) иқдом кардаанд.
Ин дидорҳо нишон медиҳад, ки сарнахи ноамниҳо дар Афғонистон ва бархе аз кишварҳои минтақа дар дастони Амрико ва ниҳодҳои ҷосӯсии ин кишвар аст. Дар ин шароит, сарони кишварҳои узви СПАД, дар нишасте ба ройзанӣ перомуни авзои дохилии Афғонистону роҳҳои пешгирӣ аз ноамнӣ дар сатҳи минтақа пардохтанд.
Сарони кишварҳои узви СПАД дар нишасте, ки ба сӯрати онлайн дар фазои маҷозӣ баргузор шуд, нигаронии вижаи худиро дар бораи таҳаввулоти ҷорӣ дар Афғонистон иброз доштанд. Дар ин нишаст, сарони кишварҳои узви СПАД дар бораи таҳдидҳои ношӣ аз Афғонистон ибрози нигаронӣ карданд. Мақомҳои ширкаткунанда таҳаррукоти бархе гурӯҳҳои такфирӣ - террористӣ бавижа гурӯҳи ДИИШ ба манзури бурӯзи ҳар гуна ноамнӣ дар сатҳи минтақаро як раванди бисёр хатарноку таҳдиде барои қаламрави СПАД ва дигар кишварҳои мустақил дар сатҳи минтақа қаламдод карданд.
СПАД як ташкилоти амниятии минтақаӣ муташаккил аз шаш кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст. Аъзои ин созмон шомили Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистон ҳастанд.
Тардиде нест, ки гурӯҳи Толибон, ки бахшҳои васеъи Афғонистонро дар ихтиёр дорад, талош мекунад то робита бо кишварҳои ҳамҷаворро ҳифз кунад. Аммо, ин эҳтимолро набояд нодида гирифт, ки давлати Амрико дар Афғонистон низ мушобеҳи Ироқ амал кунад. Давлати Амрико таҳти фишорҳои мардуму сиёсатмадорони ироқӣ, дар соли 2007 бо сарафкандагӣ маҷбур ба хурӯҷ аз Ироқ хориҷ шуд, аммо ҳамзамон бо тахлияи Ироқ, ин кишварро ба ошӯб кашид.
Дар ин замина, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар остонаи баргузории нишаст бо сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, дар нишасте бо аъзои ҳизби ҳоким "Русияи воҳид", гуфтааст: "Истиқрори муваққати паноҳҷуёни афғонистонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то замони дарёфти визаи кишварҳои ғарбӣ, тавассути Амрико ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ пешниҳод шуда буд. Аммо бо тавваҷуҳ ба ин ки вазъияти Афғонистон дар иртиботи мустақим бо амнияти Русия ва минтақа аст, Маскав тамоюл надорад, ки шибҳи низомиён дар либоси паноҳҷуёни афғон дар кишварҳои минтақа ҳузур ёбанд".
Амрико ҳамчунин ахиран мавзӯи интиқоли паноҳҷуёни афғон ба Туркияро матраҳ кард. Аммо барғами пазириши аввалияи ин пешниҳод тавассути раисиҷумҳури Туркия, дар пайи эътирози раҳбарони аҳзоби мухолиф, мақомҳои Анкара дар вокунишҳои расмӣ, аз пазириши ин дархост имтиноъ кардаанд.
Дар ҳамин иртибот, Қодир Маликов, коршиноси қирғизистонӣ бо ишора ба таҷрибаи моҷароҷӯиҳои Амрико дар ғарби Осиё, гуфтааст: "Бо тавваҷуҳ ба ҳамҷавории Осиёи Марказӣ ва Эрону Русия, амнияти тарафҳо вобастагии мустақим ба ҳам дорад. Дар ҳоле, ки дар чорчӯби манофеи Амрико сиёсати бесуботсозии минтақа дар авлавият қарор дорад".
Қодир Маликов ҳамчунин тасреҳ кард: "таҳаррукоти Амрико дар воқеъ, даври ҷадиди бесуботиро дар минтақа фароҳам мекунад, аммо дар муқобил, миллатҳои минтақа бедор шуда ва чеҳраи воқеии Амрико ва муттаҳидонашро шиносоӣ кардаанд".
Ба ҳар ҳол, бояд гуфт, дар сурати талоши Амрико барои ба ошӯб кашидани Афғонистон, бидуни шак, кишварҳои ҳамсояи ин кишвар яъне Эрон, Русия, Чин, Тоҷикистон, Узбекистону Қирғизистон ҳам аз ноамниҳо дар ин кишвар мутаассир хоҳанд шуд. Таҷриба нишон додааст, ки давлатмардони Кохи Сафед ҳар кишареро, ки натавонанд мудирият кунанд, он кишварро ба ошӯб мекашанд. Бавижа ки дар рӯзҳои гузашта аз таҳавулоти дохилии Афғонистон чунин мушаххас мешавад, ки дахолати кишварҳои бегона дар Афғонистон машҳӯд ва маҳсӯс аст. Ин дахолатҳо бавижа пас аз пешравиҳои Толибон дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон бидуни ҳатто шиллики як гулӯла беш аз пеш мушаххас ва исбот шудааст.
Дар як ҷамъбандии куллӣ аз авзоъи Афғонистон бояд гуфт, баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва гамоназаниҳои мақомҳои Осиёи Марказӣ дар рӯзҳои ахир, ҳамагӣ аз нигарониҳои ин кишварҳо аз авзоъи Афғонистон ва талошҳои Амрико ва бархе аз муттаҳидони ғарбиаш ба манзури эҷоди ошӯб дар минтақа ҳикоят дорад.
Бештар бихонед:
- Русия : Толибон бо ДИИШ муносибати хубе надорад; хатари Толибон мутаваҷҷеҳи Осиёи Марказӣ нест
- Таъкиди Толибон бар лузӯми хурӯҷи Амрико аз Афғонистон дар мавъиди муқарар