Барқарории фаъолиятҳои тиҷорӣ миёни Туркманистон ва Афғонистон
Фаъолиятҳои тиҷорӣ миёни Туркманистон ва Афғонистон ҳамчунон барқарор аст.
Вазорати умури хориҷаи Туркманистон эълом кард, гумруки ин кишвар бо Афғонистон фаъол аст.
Дар гузориши ин созмон омадааст: Ҳеҷ ихтилоле дар амалкарди гумрук дар марзи Туркманистону Афғонистон вуҷуд надорад ва ҳамлунақли коло аз тариқи онҳо ба сурати муназзам анҷом мешавад.
Дар ҳоли ҳозир рӯзона беш аз 70 вагон ва ҳудуди 160 мошини боркаш аз тариқи истҳои бозрасии Имом Назар - Окина ва Сарахс – Турғунди убур мекунанд.
Қисмати аслии колоҳои содиротӣ маҳсулоти нафтӣ, гази мойеъ ва ғаллот аст.
Дар айни ҳол Хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷаи Туркманистон таъкид кард, ки тарафи Афғонистон тарофаҳои гумрукии колоҳои содиршуда ба Афғонистонро коҳиш додааст.