Дар ҳошияи инфиҷорҳои террористии Кобул
(last modified Sat, 28 Aug 2021 08:45:31 GMT )
Август 28, 2021 13:45 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон фаъоланд, ки дар сурати бурӯзи ҷанги дохилӣ ҳеҷ кас аз газанди онҳо дар амон нахоҳад буд
    Беш аз 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон фаъоланд, ки дар сурати бурӯзи ҷанги дохилӣ ҳеҷ кас аз газанди онҳо дар амон нахоҳад буд

Инфиҷорҳои террористии асри панҷшанбе дар наздикии фурудгоҳи Кобул ( пойтахти Афғонистон ) ҳар чанд бисёре аз маҳофили минтақаӣ ва байналмиллалиро ба гунае ғофилгир кард, аммо бо тавваҷуҳ ба ҳушдорҳое ки пештар маҳофили амниятӣ ва низомии ғарбӣ дар иртибот бо эҳтимоли ҳамалоти террористӣ дода буданд ба назар мерасад ғарбиҳо чандон ҳам ғофилгир нашуданд .

Агар чи гурӯҳи террористии ДИИШ  масъулияти инфиҷорҳои наздикии фурудгоҳи Кобулро бар уҳда гирифт, аммо аз дидгоҳи коршиносони сиёсӣ ба роҳатӣ набояд аз аҳдофи эҳтимолии авомили пушти пардаи ин ҳамалоти террористӣ низ гузар кард .

Дар бораи ин дидгоҳ, ки ҳамалоти маргбори фурудгоҳи Кобули шароити амниятии Афғонистонро ба нафъи мухолифони гурӯҳи Толибон ва бар зидди ин гурӯҳу Амрико  печидатар мекунад, наметавон тардид кард .
Мухолифини ифротии бурида аз Толибон метавонанд дар зумраи мухолифони гуфтугӯҳои Толибон бо Амрико омили ҳамалот бошанд ё авомили истихборотии давлати азҳампошидаи Кобул бошанд, ки ба дунболи интиқом аз ҳар ду тарафи Толибону Амрико ва ба чолиш кашидан(санҷидан)и тавони амниятии Толибон барои таъмини амнияти Афғонистон ҳастанд.Ё мумкин аст авомили инфиҷор мухолифини хуруҷи Амрико аз Афғонистон бошанд, ки дар мавриди пайомадҳои хурӯҷи ғайримасъулонаи Амрико ва НАТО ба онҳо ҳушдор медиҳанд
Дар ин ҳол ҳамлаи террористии фурудгоҳи Кобул ҳамзамон бо сафари давраии Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ-вазири умӯри хориҷаи Покистон ба кишварҳои минтақа сурат гирифт, ки дар ҳоли раъйзанӣ барои мутақоъид кардани онҳо барои ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ бо гурӯҳи Толибон ба унвони унсури ҳоким бар Афғонистон буд .
Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи Муҳаммадҳасани Ҷаъфар аз коршиносони сиёсии Афғонистон беш аз 20 гурӯҳи террористӣ дар ин кишвар фаъоланд, ки дар сурати бурӯзи ҷанги дохилӣ ҳеҷ кас аз газанди онҳо дар амон нахоҳад буд .
Дар канори таҳлилҳои ёдшуда дидгоҳҳои дигаре низ дар мавриди аҳдофи ҳамалоти Кобул матраҳ аст . Аввали онки бархе ба мавзӯи поён додан ба моҷарои фурудгоҳи Кобул ишора мекунанд, ки бо  таркишҳои маргбор  ҳазорон нафаре, ки барои хурӯҷ аз Афғонистон дар ин маҳал таҷаммуъ карда буданд, пароканда шуданд . Ҳарчанд мумкин аст талафоте низ барои Толибону Амрико дар пай дошт .
Бархе низ бар ин эътиқоданд ин инфиҷорҳо бори дигар заминаи идомаи ҳузури неруҳои Амрико дар Афғонистонро фароҳам мекунад . Эътирозҳои ахири ҳатто муттаҳидини Амрико ба хурӯҷи зудҳангом ва бидуни барномаи ин кишвар аз Афғонистон Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрикоро таҳти фишори шадиди дохилӣ ва байналмиллалӣ қарор дода буд .

Майкл Мак Кавел-намояндаи ҷумҳурихоҳон ва узви кумитаи умӯри хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико эълом кард:Хурӯҷи нокоми ин кишвар аз Афғонистон пайомадҳои дарозмуддате барои ҷойгоҳи Амрико дорад ва ин нишон медиҳад, ки ин кишвар ҳеҷ иттилооте дар мавриди вазъияти хориҷ аз фурудгоҳи Кобул надоштааст .

Нигоҳе ба изҳороти женерол Мак Маккинзи-раиси фармондеҳии марказии артиши Амрико ( СЕНТКОМ ) дпр борпи инки ин кишвар омодаи иқдом алайҳи омилони ду инфиҷори Кобул аст метавонад баёнгари бозгашти артиши Амрико ба иҷрои амалиёти низомӣ дар Афғонистон бошад .
Дар ин ҳол аз дидгоҳи маҳофили сиёсӣ нуктаи муҳимме, ки дар изҳороти Маккинзи дар иртибот бо ҳамалоти Кобул вуҷуд дорад, ишораи вай ба эҳтимоли ба иштирок гузоштани иттилооти амниятӣ бо Толибон аст . Ин бадон маъноаст, ки Вашингтон бо истифода аз фурсати инфиҷори фурудгоҳи Кобул дар паи он аст на танҳо ба ҳузури ин гурӯҳ дар Кобул қонуният бахшад, балки заминаву фурсати шиносоии онро ба баҳонаи танҳо унсури таъминкунандаи амнияти Афғонистон ба расмият бишносад .
Дар ҳар ҳол инфиҷорҳои террористии наздикии фурудгоҳи Кобул аз як сӯ касонеро, ки барои фирор аз Афғонистон таҷаммуъ карда буданд фирорӣ дод ва дувум фурсату баҳонаи муносибро барои идомаи эҳтимолии ҳузури Амрико дар Афғонистон фароҳам мекунад ва дар ҳамон ҳоли фурсат анҷоми  тадобири шадидтари амниятиро барои Толибон дар Афғонистон фароҳам мекунад, ки мумкин аст мавзӯи ташкили давлати ҳамашумӯл низ дар чорчуби фазои сахти амниятӣ ба фаромушӣ супурда шавад.



Бештар бихонед :