Август 28, 2021 21:59 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Толибон: Девони вазирон дар давоми як ҳафта ташкил хоҳад шуд

Сухангӯи Толибон гуфт, ки ин гурӯҳ ҳафтаи оянда кобинаи вазирон ташкил хоҳад кард.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, вай гуфтааст, ҳузури занон дар кобина ба тасмими раҳбарони Толибон бастагӣ дорад.

Сухангӯи Толибон ҳамчунин гуфт, ки назорати фурудгоҳи Кобул ба зудӣ ба дасти Толибон хоҳад гузашт.

Дар робита ба ҳамлаҳои ИМА ба террористони ДИИШ, ӯ афзуд: "Амрикоиҳо бояд пеш аз анҷом додани амалиёт дар хоки Афғонистон ба Толибон хабар диҳанд."

Барчасп