Август 29, 2021 10:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории қазоии Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон

Бо ҳадафи тақвияти ҳокимияти қонун дар Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамоише барои мутахассисони расидагӣ ба парвандаҳои ҷиноӣ - қазоӣ баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ин ҳамоишро Сандуқи демокросии Созмони Миллали Муттаҳид ва ислоҳоти зиндони байналмиллалӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор кард.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш истифода аз иқдомоти ҷойгузин барои маҳкумон ба зиндон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмондеҳии боздидҳои назоратӣ аз ниҳодҳои назоратӣ, табодули таҷрибаҳо дар мавриди созмондеҳии муассири кору хадамоти шартнок, тавсеаи пешниҳодҳо барои беҳбуди бештари система бо таҷзияу таҳлили натиҷаҳо буд.
Дар ин ҷаласа ҳудуди 50 намоянда аз ниҳодҳои ҳуқуқи башар, ниҳодҳои иҷрои қонун, қазоват ва коршиносони созмонҳои байналмиллалӣ ва коркунони расонаии Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.
Суханронони ин ҳамоиш хотирнишон карданд барои итминон аз иҷрои тасмимҳои додгоҳ дар мавриди ҳукмҳои ғайримуҷоз дар зиндон бояд ба моҳияти ҷиноёти маҳкумон ва мизони хатару рафтори иҷтимоии онҳо тавваҷуҳи вижае шавад.

 

Барчасп