Таҳияи либоси махсус барои афроди гурӯҳи Толибон дар Афғонистон
Мақомоти Толибон дар Афғонистон аз таҳияи либоси махсус(форма)и якдасту якранг ба манзури барқарории назми беҳтар барои неруҳои худӣ хабар доданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои Афғон (ОВО), мақомоти гурӯҳи Толибон эълом карданд барои ҷилавгирии сӯистифодаи бархе барои озору азияти мардум бо исму либоси Толибон барои неруҳои худӣ либоси якранг фароҳам мекунанд .
Мавлавӣ Муҳаммадӣ-яке аз афроди амниятии Толибон гуфт : Барои инки мардум битавонанд афроди оддӣ ва неруҳои Толибонро аз ҳам ташхис бидиҳанд талош мекунем, ки барои неруҳои ҳамаи ҳавзаҳо либоси муназзаму мушаххас таҳия кунем .
Дар ҳамаи кишварҳо неруҳои амниятӣ либосу рамзи мушаххаси худро доранд ва коршиносон надоштани як нишонаву либоси махсусро заминаи сӯистифода медонанд .
Бештар бихонед :
- Дидори ҳайате аз гурӯҳи Толибон бо Аҳмади Масъуд дар Панҷшери Афғонистон
-
Гурӯҳи Толибон раводиди сафари ронандагони тоҷик ба Афғонистонро лавғ кард