Истиқрори Толибон дар фурӯдгоҳи Кобул
Август 31, 2021 12:32 Asia/Dushanbe
Гурӯҳи Толибон пас аз хуруҷи комили неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон, дар фурудгоҳи Кобул, пойтахт мустақар шуданд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии «Алҷазира», аъзои Толибон ба нишонаи ибрози хурсандӣ аз такмили ақибнишинии Амрико, ба шиллики ҳавоӣ иқдом карданд.
Анас Ҳаққонӣ, яке аз масъулони Толибон пас аз эъломи хуруҷи охирин неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон пас аз бист соли ҷанг, дар Твиттер навишт: Бори дигар таърихсоз шудем.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ҳам гуфт: Ҳамаи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд.
Бештар бихонед:
Барчасп