Оғози муноқиша дар Панҷшер
Август 31, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
Чанд соат пеш дар Панҷшер миёни Толибон ва нерӯҳои муқовимат задухӯрдҳои шадид ба амал омад.
Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба Sputnik, занозанӣ дар маҳалли урдугоҳи Шател рух додааст.
Дар ин даргириҳо 5 шӯришии Толиб кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд.
Нерӯҳои Аҳмад Масъуд низ мотосиклҳои Толибонро ғорат карданд.
Бино ба иттилои манобеи мухталифи хабарӣ, дар ин задухӯрд ҳеҷ нерӯи муқовимати Панҷшер кушта нашудааст.
Барчасп