Сентябр 02, 2021 11:37 Asia/Dushanbe
  • Оғози саршумории саросарии ҷамъият дар Қазоқистон

Саршумории умумии ҷамъият дар Қазоқистон оғоз шуд.

Ба гузориши АКИпресс, ин сеюмин тарҳи саршумории ҷамъият аз замони истиқлоли Қазоқистон токунун аст.

Нурболот Ҳайдарбеков, раиси дафтари омори миллии Қазоқистон дар ин маврид гуфт, барои аввалин бор дар саршумории ҷамъияти кишвар аз фанновариҳои диҷитал истифода мешавад.

Вай афзуд, то 15 октябр саршумории ҷамъият ба сӯрати бархат(онлайн) дар сомонаи интерентии «sanaq.gov.kz» баргузор мешавад.

Бино бар суханони Ҳайдарбеков, афроде, ки дар саршуморӣ ширкат накарданд, метавонанд аз1то 30 октябр дар ин тарҳи миллӣ ширкат кунанд.

Бино бар эъломи ахири раисиҷумҳури Қазоқистон ҷамъияти ин кишвар дар соли ҷории милодӣ ба 19 миллион нафар хоҳад расид.

 

Барчасп