Малоҳатуллоҳ ҳукумати нави Толибонро ба ӯҳда хоҳад гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i73058-Малоҳатуллоҳ_ҳукумати_нави_Толибонро_ба_ӯҳда_хоҳад_гирифт
Сухангӯи Толибон гуфт, ки Малоҳатуллоҳ раҳбарии ҳукумати ояндаро хоҳад дошт, ки ба зудӣ эълон хоҳад шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 02, 2021 14:59 Asia/Dushanbe
  • Малоҳатуллоҳ ҳукумати нави Толибонро ба ӯҳда хоҳад гирифт

Сухангӯи Толибон гуфт, ки Малоҳатуллоҳ раҳбарии ҳукумати ояндаро хоҳад дошт, ки ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросон, Малахатуллоҳ Охундзода ҳукумати ояндаро раҳбарӣ мекунад ва Мулло Абдулғанӣ Бародар директори иҷроияи ҳукумат хоҳад буд.

 Музокирот дар бораи таъсиси ҳукумати оянда ба охир расид ва ин музокирот бо раҳбарони ҳукумати пешин низ сурат гирифт ва аъзои ҳукумат ба зудӣ эълон мекунанд ва ба кор шурӯъ мекунанд.

Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки ҳукумати нави Афғонистон дар давоми 24 соати оянда ташкил ва расман эълон карда мешавад.