Дидору гуфтугӯи Ҷабборов бо дабири кулли СПАД
(last modified Fri, 03 Sep 2021 13:02:53 GMT )
Сентябр 03, 2021 18:02 Asia/Dushanbe
  • Дидору гуфтугӯи Ҷабборов бо дабири кулли СПАД

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дидор ва афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидотро хостор шуд.

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар дидор бо Станислав ЗАС дар бораи афзоиши таомулоти дарунсозмонӣ, таъмини амнияту суботи минтақаӣ ва ҳамчунин нишасти ояндаи ин созмон дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон табодули назар кард.

Ҷабборов афзуд: Қирғизистон аҳамияти вижае ба ҳамкории кишварҳои узви СПАД ба унвони зомини амният дар минтақа медиҳад ва лозим аст омодагии болое барои хунсосозии хатарот ва дар сурати лузум вокуниши сареъ вуҷуд дошта бошад.

Дабири кулли СПАД низ густариши равобити дуҷонибаро дар шароити феълии минтақа, аз ҷумла вазъияти амниятӣ дар Афғонистон зарурӣ донист.