Сентябр 04, 2021 12:56 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши «Хазар - мубориза бо терроризм 2021» дар Қазоқистон

Размоиши «Хазар - мубориза бо терроризм 2021» дар Қазоқистон баргузор мешавад.

Ба гузориши АКИпресс, марҳалаи амалиётии размоиши муштараки зиддитеррористии «Хазар - мубориза бо терроризм 2021» дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд.

Ин размоиши муштараки зиддитеррористии кишварҳои ИДМ бо ҳадафи муқобилаи муштарак алайҳи таҳдидоту чолишҳои террористӣ ва бо ҳузури сохторҳои низомӣ ва амниятии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон дар ду марҳала иҷро шуд.

Дар марҳалаи аввали размоиш иқдомоти марбӯт ба мутолиоти вазъияти мавзуоти мавриди алоқаи амалиётӣ сӯрат гирифт, ки дар натиҷаи он ҳамаи аъзои гурӯҳҳои террористии шиносоӣ ва боздошт шуданд.

Ҳамчунин равишҳои таъомулу ҳамкориҳо байни воҳидҳои амниятӣ ва интизомии кишварҳои узв дар заминаи анҷоми иқдомоти амалиётӣ ва ҷустуҷӯӣ дар ҷиҳати шиносоӣ ва хунсосозии авомили иқдомоти террористӣ дар таъсисоти зерсохтҳои дарёӣ ва санъати нафту гази кишварҳои ИДМ иҷро шуд.

Дар марҳалаи дувуми ин размоиш ҳам равишҳо барои аҳдофи барномарезии истифода аз нерӯ ва васоил ва ҳамчунин мудирияти мустамар бар воҳидҳо дар чорчӯби иқдомоти зиддитеррористӣ тамаркуз шуд.

Аз соли 2001 бо ҳамкории маркази зиддитеррористии ИДМ 16 тамрину размоиш бо дар назар гирифтани шароити мавҷӯд дар робита ба таҳдидоти террористӣ дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон ва соири манотиқи ҷаҳон, баргузор шудааст.

 

Барчасп