Дуввумин рӯзи эътирози занон дар Кобул ба хушунат кашида шуд
(last modified 2021-09-04T12:03:12+00:00 )
Сентябр 04, 2021 17:03 Asia/Dushanbe
  • Дуввумин рӯзи эътирози занон дар Кобул ба хушунат кашида шуд

Таҷамуъи эътирозии занон дар Кобул ба хушунат кашида шудааст.

Муътаризон мегӯянд, ки нерӯҳои Толибон монеъи ҳаракати онҳо ба сӯи Арги раёсатҷумҳурӣ шудаанд.

Гуфта шуда, Толибон бо пошидани гази ашковар монеъи идомаи тазоҳуроти занон шудаанд.

Сухангӯёни Толибон токунӯн дар ин замина изҳори назар накарданд.

Самиро Ҳамидӣ, аз аъзои Созмони афви байналмилал дар паёме навиштааст, ки аз дувумин рӯзи эътирози занон дар Кобул, ахбори нигаронкунандае шунидааст.

Ба гуфтаи Ҳамидӣ, Толибон ба занон ҳамла карданд.

Ӯ навиштааст, ки мунтазири баррасии сиҳҳатии ин мавзӯ аст.

Муътаризон таъкид доранд, ки занони имрӯз мисли занони 20 сол пеш нестанду ҳаргиз ба гузашта барнамегирданд.

Муътаризон мегӯянд, ки ба тамомии ҳуқуқашон, аз ҷумла ҳаққи таҳсил, кор, озодии баён бояд эҳтиром гузошта шавад.

Рӯзи гузашта низ шуморе аз занон дар Кобул даст ба эътироз зада ва хостори таъмини адолат ва ҳуқуқашон шуданд.

Ду рӯз пеш ҳам даҳҳо зан дар Ҳирот бо роҳандозии гирдиҳамоии эътирозӣ, аз Толибон хостанд, ки ба ҳаққи кору таҳсили занон эҳтиром бигузоранд.

Ин дар ҳоле аст, ки Шермуҳаммад Аббос Станакзай, муовини дафтари Толибон дар Қатар ба тозагӣ бори дигар гуфтааст, ки занон дар чорчӯби шариъати исломӣ, ҳақи кору таҳсилро доранд, аммо наметавонанд вазир шаванд.

 

Барчасп