Сентябр 07, 2021 21:33 Asia/Dushanbe
  • Тахриби қабри Аҳмадшоҳи Масъуд

Толибон мақбараи Аҳмадшоҳи Масъудро хароб карданд.

Толибон қаблан таҳти назорати мақбараи Аҳмадшоҳи Масъуд "Шир Панҷшер" ва падари раҳбари кунунии муқовимат, ки дар наздикии маркази шаҳр дар шимоли Кобул воқеъ аст, даъво карда буданд.

Шӯришиёни Толиб аксҳои худро дар фазои маҷозӣ нашр карда, иддао доранд, ки вориди қабри Аҳмадшоҳи Масъуд шудаанд.

Тасвирҳои нашршуда инчунин нишон медиҳанд, ки қабрро унсурони Толиб шикастаанд.

Ин қабр макони муқаддаси ҷонибдорони Аҳмадшоҳи Масъуд дониста мешавад.

Барчасп