Сентябр 08, 2021 15:38 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Қирғизистон ва Иттиҳоди Аврупо: Афғонистон меҳвари ройзанӣ

Муовини аввали вазири хориҷаи Қирғизистон бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Брюссел дидор ва дар мавриди Афғонистон гуфтугӯ кард.

Ба гузориши «Форс», Нурон Ниёзалиев, муовини аввали вазири хориҷаи Қирғизистон бо Тери Ҳакала, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Брюссел дидор кард.

Дар ин дидор Мухтор Ҷумалиев, намояндаи доими Қирғизистон дар Иттиҳоди Аврупо ва Эдвард Овер, раиси намояндагии иттиҳоди мазкур дар Бишкек низ ҳузур доштанд.

Тарафайн дар ин мулоқот дар мавриди мавзӯоти аслии ҳамкории Қирғизистону Аврупо ва ҳамчунин таомул дар чорчӯби тааҳҳудоти минтақаӣ гуфтугӯ карданд.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди тарҳҳои феълии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон ва пружаи ҷадид дар чорчӯби барномаи чандсолаи 2021 - 2027 низ табодули назар карданд.

Иттиҳоди Аврупо омодагии қотеи худро барои идомаи кумаку ҳимояти ҳамаҷониба аз Қирғизистон дар иҷрои ислоҳоти дар ҳоли анҷом дар ин кишвар эълом кард.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа дар мавриди таомул дар қолаби минтақаӣ бо меҳварияти Афғонистон аз ҷумла ироаи кумакҳои башардӯстона ва соири кумакҳо ба қавми қирғиз дар Помири бузургу хурд пардохта шуд.

Тарафи аврупоӣ аз тасмими мақомоти Қирғизистон дар хусуси бар эътои 500 раводиди таҳсилӣ ба донишҷӯёни афғон барои осонсозӣ дар муассисоти омӯзиши олии ин кишвар гирифта шудааст, истиқбол кард.

 

 

 

 

Барчасп