Ташкили давлати Толибон дар Афғонистон
(last modified Thu, 09 Sep 2021 11:59:01 GMT )
Сентябр 09, 2021 16:59 Asia/Dushanbe
  •  Ташкили давлати Толибон дар Афғонистон

Давлати нави Афғонистон бо меҳварияти Толибон дар ин кишвар оғоз ба кор кард .

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид-сухангӯи гуруҳи Толибон бо баёни инки кабинаи муваққати Толибон бар асоси саҳмбандӣ ва тақсимоти қавмӣ нест афзуд, ин гуруҳ талош дорад ҳамаи ақшору ақвоми ҷомеъаи Афғонистон дар давлат нақш дошта бошанд.
Бар асоси феҳристи эъломшуда тавассути Толибон мулло Муҳаммадҳасан Охунд-раиси давлати ҷадиди Афғонистон муаррифӣ шудааст ва мулло Абдулғанӣ Бародар ҳам симати муовинати вайро бар уҳда дорад.
Нигоҳе ба руйхати эъломии вазирони кабинаи Афғонистон аз сӯи Толибон мушаххас мекунад, ки бештари аъзои кабинаро аъзои аршади ин гуруҳ ташкил медиҳанд .
Суханони сухангӯи Толибон дар бораи онки кабинаи Толибон бар асоси саҳмбандии қавмӣ дар Афғонистон нест, эътироф ба ин масаъла аст, ки ин гуруҳ дар таъини таркиби кабина саҳми қобили тавваҷуҳе барои ақвом дар назар нагирифтааст .
Ба рағми таъкиди мақомоти мухталифи Толибон бар ташкили давлати фарогири муташаккил аз ҳамаи гуруҳҳоу ақвоми Афғонистон, аммо руйхати эъломшудаи вазирони кабинаи ин кишвар нишон дод, ки ин гуруҳ ба ваъдаи худ дар бораи мушорикат додани ҳамаи мардум дар давлати ҷадиди Афғонистон амал накардааст.
Албатта бо вуҷуди таъкиди қаблии сухангӯёни Толибон дар бораи ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ва фароҳам кардани заминаи лозим барои мушорикати ҳамаи ақвом дар ояндаи сиёсии ин кишвар, аммо пешбинӣ намешуд ки ин гуруҳ бихоҳад фурсатҳоӣ мутаносиб бо зарфияту ҷамъияти ақвоми Афғонистон дар мақомҳои миллӣ ва маҳаллӣ дар ихтиёри онон қарор диҳад .
Бо тавваҷуҳ ба онки тибқи Қонуни асосии Афғонистон бояд вазирони пешниҳодии давлат аз Маҷлиси Намояндагони ин кишвар раъйи эътимод бигиранд, ҳануз мушаххас нест, ки оё Толибон мехоҳанд дар ин масир қадам бардоранд ё вазирони муаррифишуда бидуни касби раъй эътимод аз маҷлис фаъолият хоҳанд кард.
Гуруҳи Толибон бо интишори руйхати аъзои кабинаи худ нишон дод, ки ҳозир нест ба таври воқеӣ ақвому гуруҳҳо дар Афғонистонро дар қудрат шарик кунад ва тарҳи ин масаъла ки барои муаррифии вазирон бо тарафҳои мухталиф машварат кардааст, аз назари афкори умумӣ мавриди пазириш қарор нахоҳад гирифт .
Дар шароите ки Толибон зимни муаррифии аъзои кабинаи худ ҳеч гуна ишорае ба муаррифии онон ба Маҷлиси Намояндагон барои касби раъйи эътимод накардаанд, метавон гуфт ки аз назари ин гуруҳ  ин ниҳод ҳеч гуна эътиборе барои ҳукумати Толибон надорад ва қарор нест дар ин хусус Қонуни Асосӣ риоят шавад .
Чунончӣ Толибон дар раванди муаррифӣ ва оғоз ба кор вазирони кабинааҷлиси Намояндагонро канор бигузорад, бахше аз нақшаи мавриди назари ин гуруҳ барои шаклгирии низоми Аморати исломӣ такмил мешавад .
Бо тавваҷуҳ ба ин ки дар рӯзҳои ахир низ Шинворӣ-аз аъзои Шӯрои раҳбарии Толибон аз зарурати тағйир дар Қонуни Асосӣ сухан гуфта буд ва онро хостаи гуруҳҳои сиёсии Афғонистон дониста буд, ин эҳтимол вуҷуд дорад ки Қонӯни Асосӣ ба нафъи низоми Аморати исломӣ дар ин кишвар тағйир кунад.
Бо тавваҷуҳ ба ин ки мулло Охундзода ҳамчунон дар давраи ҷадиди сиёсӣ дар Афғонистон раҳбарии ин гуруҳро бар ӯҳда дорад ва давлати Толибон низ идораи умури иҷроиро уҳдадор хоҳад буд, сохтори низоми Аморати исломӣ ки як амир дар садри он қарор дорад дар ҳоли такмил шудан аст .
Ба назар мерасад Толибон барои ҷилавгирӣ аз эътирозҳои бештар ба шароити кунунӣ дар Афғонистон бидӯни ном бурдан аз талош барои ташкили Аморати исломӣ аммо дар амал тамоми сохторҳои онро ба тадриҷ ба пеш хоҳад бурд .