Кӯчонидани маҷбурии сокинони Панҷшер
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i73412-Кӯчонидани_маҷбурии_сокинони_Панҷшер
Толибон раванди ба таври иҷборӣ кӯчонидани сокинони Панҷшерро оғоз карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 10, 2021 20:16 Asia/Dushanbe
  • Кӯчонидани маҷбурии сокинони Панҷшер

Толибон раванди ба таври иҷборӣ кӯчонидани сокинони Панҷшерро оғоз карданд.

Фронти Муқовимати Миллии Афғонистон дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки Толибон ба раванди қатли ом ва кӯчонидани маҷбурӣ ва ба таври оммавии мардуми Панҷшер оғоз кардаанд, хабар медиҳад Радиои Садои Хуросон бо истинод ба Sputnik.

Фронт илова мекунад, ки одамон лонаҳои худро тарк мекунанд.

Дар изҳороти Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон омадааст: "Мардум лонаҳояшонро тарк мекунанд. Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон то ҳол бо таҷовузкорон мубориза мебарад, озодӣ ва шаъну шарафи инсонӣ эҳё хоҳад шуд ва ҳақиқат бар Толибон пирӯз хоҳад шуд."