Оғоз бакори кормандони вазорати дороӣ ва гумрукҳои Афғонистон
(last modified Sat, 11 Sep 2021 10:15:45 GMT )
Сентябр 11, 2021 15:15 Asia/Dushanbe
  • Оғоз бакори кормандони вазорати дороӣ ва гумрукҳои Афғонистон

Толибон аз тамомии кормандони вазорати дороӣ ва гумрукҳои Афғонистон хост кори худро азсар гиранд.

Бар асоси иттилоияи Толибон, ҳамаи кормандони вазорати дороӣ ва коркунони гумрукҳои Афғонистон аз имрӯз шанбе 11 сентябр дар маҳали кори худ ҳозир шаванду фаъолиятҳои худро бидуни вақфа оғоз кунанд.

Толибон ҳушдор додааст кормандоне, ки аз имрӯз дар маҳали кори худ ҳузур надошта бошанд барои онҳо ғайбати корӣ муҳосиба мешавад.

Бар асоси ин иттилоия, кормандони зан то мусоид шудани муҳити муносиби корӣ барои онҳо аз ин амр мустасно ҳастанд.

Ин иттилоияи Толибон дар ҳоле содир шудааст, ки бархе аз масъулону кормандони давлати собиқ аз тарси ҷонашон ба хориҷ аз Афғонистон фирор кардаанд.

Марокизи давлатии Афғонистон то 14 августи соли равон ва қабл аз вуруди Толибон ба Кобул фаъол буд, аммо пас аз он бархе аз идороти давлатӣ таътил шуд.

 

Бештар бихонед: