Ғами нон дар Афғонистон
(last modified 2021-09-17T16:16:21+00:00 )
Сентябр 17, 2021 21:16 Asia/Dushanbe

Дар рӯзҳои ахир маконҳои мухталиф дар шаҳри Кобул ба маҳалле барои фурӯши асбобу асосияҳои манзил табдил шудааст.

Ба гузориши хабарнигори бахши байналмилали Хабаргузории садо ва симо аз Кобул, ба дунболи таваққуфи кору косибӣ дар Афғонистон ва пардохт нашудани чандмоҳаи маоши кормандони давлатӣ ва фурӯпошии давлат, бархе барои ғами нон ва бархе низ барои фирор аз кишвар асбоби манзилашонро ба баҳои ночизе мефурӯшанд.

Бозори лавозими дасти дувум дар ҳоле дар шаҳрҳои Афғонистон пуртараддудтар мешавад, ки ноумедӣ байни мардуми Афғонистон пас аз эъломи кабинаи муваққати Толибон низ афзоиш ёфтааст. Бахши зиёде аз мардум ин кабинаро инҳисоргаро ва ғайрифарогир медонанд.

 

 

Барчасп