Ҷойгоҳи панҷуми Узбекистон дар радабандии кишварҳои тавлидкунандаи уран
Узбекистон дар радабандии ҷаҳонии кишварҳои дорандаи маъдани уран мақоми панҷум дорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин кишвар дар соли 2020 ҳудуди 3 ҳазору 500 тон уран истихроҷ кардааст.
Узбекистон дар соли 2019, 3 ҳазору 500 тон уран истихроҷ кард, дар ҳоле ки мизони истихроҷи урани ин кишвар дар соли 2018, 3 ҳазору 445 тон уран будааст .
Урани истихроҷшуда дар Узбекистон ба таври комил ба хориҷ аз кишвар содир мешавад.
Аммо дар байни кишварҳои содиркунандаи урани Қазоқистон бо 19 ҳазору 480 тон содироти уран ё 41 дарсади тамоми содироти ҷаҳон дар мақоми аввал қарор гирифтааст .
Австралия низ бо содироти 6 ҳазору 203 тон ( 13 дарсад ) дар мақоми дувум ва Намибия бо содироти 5 ҳазору 413 тон дар мақоми сеюм қарор дорад.