Сентябр 20, 2021 15:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Толибон бар ташкили идора барои занони афғон

Сухангӯи гуруҳи Толибон ба занони Афғонистон ваъда дод, ин гуруҳ « тарафдори фаъол шудани идораи муассиртару фаъолтар барои занонаст . »

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шафақнои Афғонистон,  Забеҳуллоҳи Муҷоҳид имрӯз душанбе ба дунболи барҳам додани Вазорати умӯри занон дар Афғонистон гуфт : Ин идораи занон дар оянда дар чорчуби қонуни шариъати исломӣ танзим хоҳад шуд ва зарурӣ нест, ки исми он вазорат бошад .
Сухангӯи гуруҳи Толибон афзуд: Вазорати умури занон дар низоми пешин як идораи символӣ буда ва ҳеҷ короӣ надоштааст. »
Гуруҳи Толибон вазорати умӯри занонро ба вазорати амр ба маърӯф ва наҳи аз мункир тағйир додааст . Ҳамчунин дар кабинаи давлати муваққати Толибон ҳеҷ зане ҳузур надорад .
Гуфтанӣ аст таи рӯзҳои ахир шуморе аз занон дар Кобул ва дигар шаҳрҳои Афғонистон дар вокуниш ба ончӣ ки « табъизи алайҳи занон » мегӯянд, тазоҳурот карданд .
Дар ҳамин ҳол гуруҳи Толибон бо интишори баёнияе аз бозгушои мадорис дар ин кишвар хабар дод ; аммо танҳо донишомӯзони писару омӯзгорони мардро ба мадорис фаро хондааст . Толибон ҳеҷ ишорае ба бозгашти донишомӯзони духтару омӯзгорони зан накардааст.
Толибон аз 15 август ҳангоме, ки дар Афғонистон ба қудрат расидааст, талош мекунад ба мардуми ин кишвар ва ҷомеъаи байналмиллал дар бораи риояти ҳуқуқи занони итминони хотир бидиҳад, аммо то кунун иҷроӣ нашудааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп