Музокироти Покистон бо Толибон барои ташкили давлате фарогир дар Афғонистон
Нахуствазири Покистон эълом кард, Исломобод барои ташкили давлати фарогир, шомили тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбакҳо дар Афғонистон, бо гурӯҳи Толибон музокиротро оғоз кардааст.
Имрон Хон ин тасмимро пас аз дидори худ бо сарони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба вижа Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе оғоз кард.
Нахуствазири Покистон дар паёме гуфт: пас аз даргириҳои 40 сола, давлати фарогир ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон кумак карда ва ин амр ҳам ба нафъи Кобул ва ҳам ба нафъи минтақа аст.
Имрон Хон афзуд: Пас аз музокирот дар Душанбе бо роҳбарони ҳамсояи Афғонистон, ба хусус гуфтугӯи тӯлонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфтугӯ бо Толибон, гуфтугӯ барои ташкили давлати фарогир шурӯъ шудааст.
Суханони Имрон Хон дар бораи оғози музокироти давлати ин кишвар бо Толибон барои ташкили давлати фарогир дар Афғонистон баёнгари такопӯи Исломобод барои кумак ба таҳаққуқи шиори мушорикати ҳамаи гурӯҳҳо дар ояндаи сиёсии ин кишвар аст.
Бо вуҷуди он ки Толибон аз 15 август, ҳамзамон бо соқит кардани давлати Ашраф Ғанӣ, шиори ташкили давлати фарогир дар Афғонистонро матраҳ кард, аммо то кунун нишонае аз пойбандӣ ба ин шиор мушоҳида нашудааст.
Ба хусус ин ки пас аз эъломи ташкили кобинаи ҷадид аз сӯи Толибон мушаххас шуд, ки ин кобина ҳамашумул нест ва давлати эъломшуда тавассути ин гурӯҳ аъзои Толибон ҳастанд, ки барои тасаддии постҳо дар вазоратхонаҳои Афғонистон муаррифӣ шудаанд.
Ҳамин масъала сабаб шуд то бархе шахсиятҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар Афғонистон ба кобинаи муаррификардаи Толибон эътироз кунанд ва онро танҳо дар инҳисори як қавми мушаххас дар Афғонистон бидонанд.
Агарчӣ Толибон дар асари фишорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба тозагӣ гуфтаанд, кобинаи феълӣ муваққатӣ аст ва дар чанд моҳи оянда кобинаи аслӣ муаррифӣ мешаванд, аммо беэътимодӣ дар ин қазия эҷод шудааст.
Дар сурати ба дарозо кашидани муаррифии кабинаи аслӣ аз сӯи Толибон, ин раванд бо вокуниши тундтари дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ мешавад.
Дар чунин шароите аст, ки Покистон барои он ки битавонад фазои кунунии ношӣ аз ҳукмронии Толибон дар Афғонистонро контрол кунад ва монеъ аз ҳар гуна фишори сиёсии бештар бар ин гурӯҳ бишавад, вориди чархаи музокирот бо Толибон барои ташкили давлати фарогир шудааст.
Дар нишасти ахири Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ҳам ширкаткунандагон ба таври дастаҷамъӣ бар зарурати ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ва фароҳам шудани заминаи мушорикати ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ дар сиёсати ояндаи Афғонистон таъкид карданд ки ин масъала нишондиҳандаи вокуниши ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ба Толибон, дар сурати исрор бар ташкили ҳукумати такқавмӣ дар ин кишвар аст.
Бештар бихонед: