Сафари ҳайати тиҷории Узбакистон ба шаҳри Душанбе
Ҳайати тиҷории Узбакистон ба шаҳри Душанбе сафар кард.
Ба гузориши “AКИ Пресс”, намояндагони ҳудуди 40 ширкати узбакистонӣ ба манзури ширкат дар ҳамоиши тиҷориву баргузории намоишгоҳи “Сохти Узбакистон” дар шаҳри Душанбе, вориди Тоҷикистон шуданд.
Ҳамоиши тиҷории “Сохти Узбакистон” дар шаҳри Душанберо Утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо Агентии тарвиҷи содироти вобаста ба вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон баргузор мекунад.
Қарор аст ин гуруҳ дар бахшҳои нассоҷӣ, чарму кафш, маводи ғизоӣ, ҷавоҳир, дорӯсозӣ ва мебел бо ҳамтоёни тоҷики худ ройзанӣ кунанд.
Ҳадаф аз ин ҳамоиш, ки қарор аст 25 сентябр оғоз шавад, ҷазби сармоягузорӣ, эҷоди ширкатҳои муштараку корхонаҳои тавлидӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва манотиқи озоди тиҷории ин кишвар эълом шудааст.
Бештар бихонед:
- Барномаи Узбакистон барои ҷазби 120 миллиард доллар сармоя
- Идомаи харидории билет аз сӯи аҳолии Суғд аз ширкатҳои Узбакистон