"Толибон" хостори бозгардонии пулҳои дуздидаи Ғанӣ шуд
(last modified Fri, 24 Sep 2021 16:58:18 GMT )
Сентябр 24, 2021 21:58 Asia/Dushanbe

Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги "Толибон"баргардонидани пулеро, ки президент бо худ гирифта буд, талаб кард.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, ки ба нақл аз Sputnik، "Ашраф Ғанӣ маблағҳои давлатро дуздидааст ва мо баргардонидани онҳоро талаб мекунем. Онҳо ба мардум ва бонкҳои мо тааллуқ доранд", - гуфт Муҷоҳид.
Ғанӣ моҳи август, баъд аз он ки "Толибон" Кобулро ишғол карданд, кишварро тарк карда, фирорашро "пешгирии қатли ом" арзёбӣ кард. Баъдтар вай аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ паёми видеоӣ нашр кард, ки дар он ваъда дод, ба ватанаш бармегардад.
Президенти собиқ моҳи сентябр гуфт, ки ҳангоми рафтанаш аз кишвар бо худ пул нагирифтааст. Вай инчунин қайд кард, ки омода аст, таҳти сарпарастии СММ тафтишоти дороияш расман сурат бигирад.
 Тафсилоти фирори Ғанӣ аз Генерал Ағбар: касе намедонист, ки ӯ мегурезад
"Толибон" баъд аз тасарруфи Афғонистон, дар авоили моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатиро эълон кард. Онро Муҳаммад Ҳасан Оҳанд сарварӣ мекунад, ки дар давраи аввали ҳукумати ин гурӯҳ вазири корҳои хориҷӣ буд.

То кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати "Толибон"* -ро ба расмият нашинохтааст ва аз онҳо талаб доранд, ки кобинаи ҳамашумул бо дарназардошти манофеи ҳамаи мардуми Афғонистон ташкил кунанд