Ройзании сафири Эрон дар Тошканд ва намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар мавриди Афғонистон
(last modified 2021-10-05T14:00:57+00:00 )
Октябр 05, 2021 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ройзании сафири Эрон дар Тошканд ва намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар мавриди Афғонистон

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тошканд бо намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар умури Афғонистон дидор карданд ва вазъияти ин кишвар баррасӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҳамиди Нейрободӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тошканд бо Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар Афғонистон дидор кард ва талошҳои ду кишвар дар густариши ҳамкориҳо дар мавзӯи Афғонистонро баррасӣ карданд.

Нейрободӣ дар ин дидор бар ҳузури Узбакистон, дар амри барқарории сулҳи баландмуддату пойдор дар Афғонистон таъкид кард.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва мусоидати иқтисодӣ ба ин кишвар табодули назар карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп