Кучонидани иҷбории сокинони шаҳраки ҳазоранишини Мазори Шарифи Афғонистон
(last modified Mon, 11 Oct 2021 06:25:10 GMT )
Октябр 11, 2021 11:25 Asia/Dushanbe
  • Кучонидани иҷбории сокинони шаҳраки ҳазоранишини Мазори Шарифи Афғонистон

Толибон ба сокинони шаҳраки ҳазоранишини Мазори Шариф се рӯз фурсати тахлия дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, чанд рӯз пас аз кучондани иҷбории садҳо хонаводаи шиъаи ҳазора дар вилояти Дойкундӣ, сокинони шаҳраки ҳазоранишини « Валиаср » дар Мазори Шариф-маркази вилояти Балх мегӯянд Толибон 3 рӯз ба онҳо фурсат додааст, ки шаҳракро тарк кунанд .

Яке аз сокинони ин шаҳрак гуфт : Гуруҳе бо ҳимояту ҳукми додгоҳи маҳаллии Толибон аз сокинони шаҳрак Валиаср хостанд, ки хонаҳои худро таи се рӯз тахлия кунанд.
Ин сокини шаҳри Мазори Шариф афзуд : Бино ба асноде, ки аз авоили солҳои даҳаи ҳафтоди ҳиҷрии шамсӣ вуҷуд дорад, сокинони шаҳраки Валиаср, ки бештар ҳазора ва шиъа ҳастанд, таи ду даҳаи ахир дар ин шаҳрак хона сохтанд ва дар он зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфта ӯ додгоҳи маҳаллии Толибон бидуни тавваҷуҳ ба асноди ҳудӯди ду ҳазор хонавода дар ин маҳалла, ҳукм содир кардааст .

Ба гуфта ӯ  афроди Толибон аз фармондеҳи полиси ин вилоят ҳам хоста, ки мардумро аз хонаҳояшон берун кунанд .