Инфиҷор дар Кунар: Як фармондеҳи маҳаллии Толибон кушта шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i75480-Инфиҷор_дар_Кунар_Як_фармондеҳи_маҳаллии_Толибон_кушта_шуд
Бар асоси тозатарин гузоришҳо дар инфиҷори Кунар раиси полиси ин вилоят кушта шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Октябр 15, 2021 18:37 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар Кунар: Як фармондеҳи маҳаллии Толибон кушта шуд

Бар асоси тозатарин гузоришҳо дар инфиҷори Кунар раиси полиси ин вилоят кушта шуд.

Ҳамчунин 11 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ин инфиҷор ҳудуди соати 10 субҳ (панҷшанбеи 14 октябр) дар шаҳри Асадобод, маркази вилояти Кунар рух дод.

Як мақоми Толибон гуфт, дар ин инфиҷор мошини ҳомили раиси полиси ноҳияи Шигл ҳадаф қарор гирифт ва ӯ кушта шудааст.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.