Октябр 17, 2021 18:02 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Толибон ба ҳамлаи террористӣ ба масҷиди шиъаён дар Қандаҳор

Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон зимни " дилхарош " хондани ҳамла ба масҷиди шиъаён дар Қандаҳор гуфт: Ба омилони ҳамла ба масҷиди Фотимия мегӯем бо ин иқдомот наметавонанд ба аҳдофи худ бирасанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Наим ҳамлаи террористии рӯзи ҷумъа ба масҷиди Фотимия дар Қандаҳор, ки бузургтарин масҷиди шиъаён дар ин вилоят астро дилхарош хонд ва гуфт ин ҳамларо афроде анҷом доданд ки афкори ифротиро иттихоз карданд, аммо ба онҳо мегӯям ки бо ин иқдомот наметавонанд аҳдофашонро таъмин кунанд .

Дар бахши сиёсӣ низ Наим  аз ҷомеъаи байналмиллалӣ хост, то бо ба расмият шинохтани давлат дар Афғонистон масъӯлиятҳои худро дар қиболи Афғонистон ба ӯҳда бигиранд.
Вай гуфт : Мо контроли вазъияти амниятӣ дар Афғонистонро дар даст гирифтаем ва авзоъ дар ҳоли ҳозир бисёр беҳбуд ёфтаву ҷаҳон шоҳиди он аст .
Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон афзуд : Мо аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳем, ки Афғонистонро мунзавй накунанд зеро ин вазъият ба нафъи ҳеч кас нест .
Наим гуфт ки ба расмият шинохтани давлати Афғонистон тавассути кишварҳои ҳамсояву ҷомеъаи байналмиллалӣ ин давлатро тақвият карда ва ба он дар мувоҷиҳа бо мушкилоти дохилӣ кумак мекунад .

Вай афзуд ки ин ҷумбиш ба таъаҳҳудоти худ дар ҷилавгирӣ аз истифода аз хоки Афғонистон барои ҳамла ба ҳар кишваре мутаъаҳҳид аст .
Наим тасреҳ кард : Мо ба ончӣ дар тавофуқномаи Давҳа қавл дода будем мутаъаҳҳид. Ин ҳақ мардуми Афғонистон аст, ки ҷаҳони давлати Афғонистонро ба расмият бишносанд .
Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон ҳамчунин унвон дошт : Ҳамаи афғонҳо ҳаққи шаҳрвандӣ ва ибодат доранд ва ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандон тазмин шудааст . Давлати мо ҷомеъ аст ва шомили унсурҳое аз ақшори мухталифи ҷомеъа аст .

Толибон аз15 август ба мувозоти охирин марҳилаи хурӯҷи низомиёни Амрико, ки дар поёни ҳамон моҳ ба поён расид, контроли тамоми Афғонистонро ба даст гирифт .

 

Барчасп