Барқарории ҳаракати автобусҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i75700-Барқарории_ҳаракати_автобусҳо_байни_Тоҷикистон_ва_Узбакистон
Ҳаракати автобусҳо байни Узбакистон ва Тоҷикистон азсар гирифта шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Октябр 19, 2021 13:58 Asia/Dushanbe
  • Барқарории ҳаракати автобусҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Ҳаракати автобусҳо байни Узбакистон ва Тоҷикистон азсар гирифта шуд.

Анвар Ғиёсов, намояндаи ширкати ҳамлунақли «Азиан Экспресс» гуфт: Ҳаракати автобус дар масири «Хуҷанд - Тошканд - Хуҷанд» як бор дар рӯз барномарезӣ шудааст.

Вай афзуд: Дар сурати афзоиши теъдоди мусофирон, рейси автобус ба ду то се мартаба дар рӯз афзоиш хоҳад ёфт.

Ғиёсов гуфт: Барои убур аз марз мусофирон бояд гувоҳии ваксинатсия алайҳи Ковид - 19 ва ё баргаи саломати озмоишгоҳ дошта бошанд.

Намояндаи ширкати ҳамлунақли «Азиан Экспресс» ҳазинаи сафари як тарафаро 100 сомонӣ (ҳудуди 9 доллар) эълом кард.