Музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон набояд ба зиёни ҳеч кишвар тамом шавад
(last modified 2021-11-06T11:01:41+00:00 )
Ноябр 06, 2021 16:01 Asia/Dushanbe
  • Музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон набояд ба зиёни ҳеч кишвар тамом шавад

Масъули сиёсати хориҷии дафтар раёстҷумҳурии Қирғизистон гуфт, музокироти марзӣ бо Тоҷикистон набояд ба зиёни ҳеҷ тарафе бошад.

Ба гузориши сомонаи АКИпресс, Женбек Қулибоев таъкид кард, дар соли ҷорӣ шаш даври гуфтугӯи коргурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд, ки пешрафтҳое дар раванди аломатгузории марзи муштарки ду кишвар ба даст омадааст.

Ӯ афзуд, аз ин рӯ, бар асоси тавофуқи дуҷониба ҳар моҳ ду давр аз музокироти марзӣ дар қаламрави Тоҷикстону Қирғизистон баргузор мешавад, ки ба тадриҷ матни ниҳоии тавофуқномаи аломатгузории марзи 976 километрии ин ду кишвари ҳамсоя таҳия хоҳад шуд.

Бо вуҷӯди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Пас аз даргирии авохири моҳи апрели соли ҷорӣ миёни низомиён ва сокинони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон, ки бо 80 кушта ва 200 захмӣ ҳамроҳ буд  гузаргоҳҳои марзии ду кишвар ҳамчунон бастааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп