Бо вуҷуди судури муҷаввиз донишҷӯёни тоҷик наметавонанд вориди Қирғизистон шаванд
Бо вуҷуди судури муҷаввизи давлати Қирғизистон барои донишҷӯёни тоҷик, ба манзури идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар, ин афрод наметавонанд вориди Қирғизистон шаванд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбори Осиёи Марказӣ”, пас аз судури муҷаввизи давлати Бишкек барои бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба маҳалли таҳсилашон дар Қирғизистон, ин афрод акнун бо мамониати марзбонони тоҷик рӯ ба рӯ шудаанд.
Даҳҳо донишҷӯи тоҷик мегӯянд, ки дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон марзбонони тоҷик эълом кардаанд, ки ба далели набуди амният дар кишвари ҳамсоя, ин афрод наметавонанд вориди Қирғизистон шаванд.
Ахиран давлати Қирғизистон бо гузашти наздик ба 7 моҳ аз баста шудани марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон, муҷаввизи вуруд ба кормандони сафоратҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва донишҷӯён аз марзи ду кишварро содир кард, ки ба назар мерасад мушкили донишҷӯёни тоҷик ҳамчунон ҳалнашуда боқӣ мемонад.
Ба гузориши Вазорати маориф ва улуми Қирғизистон, дар донишгоҳҳои ин кишвар 1 ҳазору 932 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.
Бештар бихонед: