Афзоиши қимати бензин ва маводи ғизоӣ дар Қирғизистон
Ноябр 16, 2021 10:34 Asia/Dushanbe
Кумитаи миллии омори Қирғизистон эълом кард, имсол тавлиди гандум дар Қирғизистон 42. 1 дарсад коҳиш ёфтаву боиси афзоиши қимати орд шудааст.
Ба гузориши “Форс”, ҳамчунин бештарин афзоиши қимати бензин байни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, дар Қирғизистон (48. 4 дарсад) сабт шудааст.
Ба гузориши Кумитаи миллии омори Қирғизистон, бардошти нохолиси гандум нисбат ба таърихи мушобеҳ дар соли гузашта 42. 1 дарсад коҳиш ёфта, ки афзоиши гармо дар фасли тобистони имсол ва камбуди об дар фасли рушд боиси коҳиши маҳсулоти ғаллагӣ шуд.
Ҳамчунин қимати сабзиҷоту меваҳо ба 8. 3 дарсад ва хӯрокиҳо 7. 4 дарсад ва нархи хадамот ба мардум 2. 4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бештар бихонед:
Барчасп