Ноябр 25, 2021 15:19 Asia/Dushanbe
  • Авзои минтақа, меҳвари ройзании мақомоти Узбекистону Иттиҳодияи Аврупо

Вазири умӯри хориҷаи Узбекистон дар шаҳри Душанбе бо масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Комиссориёи ҳамкориҳои байналмилалии Иттиҳодияи Аврупо дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Форс, Абдулазиз Комилов, вазири умӯри хориҷаи Узбекистон дар шаҳри Душанбе бо Ҷозеф Боррелл, масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Ютта Урпилайнен, Комиссориёи ҳамкориҳои байналмилалии Иттиҳодияи Аврупо дидор ва гуфтугу кард.

Тарафайн дар ин дидор, ҳамкориҳои мутақобили Узбекистон  ва Иттиҳодияи Аврупо, раванди иҷрои тавофуқоти ба дасти омада ва барномаи маросимҳои қарибулвуқуъ дар сутӯҳи мухталифро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин дар мавриди сиёсати байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла авзоъи Афғонистон низ табодули назар шуд.

16 ноябри 1994 байни Иттиҳодияи Аврупо ва Узбекистон равобити сиёсӣ барқарор шуда ва аз моҳи январи соли 1995 дар Брюссел сафорати Узбекистон фаъолият мекунад.

 

Барчасп