Интихоботи порлумонии Қирғизистон оғоз шуд
(last modified Sun, 28 Nov 2021 10:41:50 GMT )
Ноябр 28, 2021 15:41 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи порлумонии Қирғизистон оғоз шуд

Ҳафтумин давраи интихоботи порлумонии Қирғизистон аз соъати 8 субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс, ҳафтумин давраи интихоботи порлумонии Қирғизистон аз соъати 8 субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз ва то соъати 20 идома дорад .
Бар асоси Қонӯни асосии Қирғизистон, ки дар як ҳамапурсӣ дар 11 апрели 2021 ба тасвиб расид, таркиби ҷадиди порлумон шомили 90 намоянда ( ба ҷои 120 нафар ) хоҳад буд ва барои як давраи 5 сола бар асоси системаи интихоботӣ интихоб мешавад .
Бад-ин тартиб 54 намояндаи порлумон бар асоси низоми таносубӣ ( тибқи руйхати номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ) дар як ҳавзаи интихобия ва 36 намоянда бар асоси низоми аксариятӣ дар ҳавзаҳои интихобияи инфиродӣ интихоб мешаванд .