Музокироти марзии 4 соатаи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Sat, 04 Dec 2021 08:36:10 GMT )
Декабр 04, 2021 13:36 Asia/Dushanbe
  • Музокироти марзии 4 соатаи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон барои ҳалли ихтилофоти ахири марзӣ ба муддати 4 соат дар ду рустои Сомонёни ноҳияи Исфара ва Овчиқалъа ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши сомоани Спутник, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров бо Абдулкарим Олимбоев, раиси вилояти Ботканд ва масъулони ду ноҳияи Лайлак ва Ботканд дар ин ду рустои тоҷикнишин ду соат низоъҳои ахири марзӣ ва роҳҳои поён додан ба танишҳо миёни сокинони ин минтақаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин музокирот дуздида шудан ва латукуб кардани як муаллиими ноҳияи Исфара ва эътирози қирғизҳо ба сохти роҳи ду рустои Сомониён мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зеро тарафи қирғизӣ муддаист, ки сохти ин роҳ дар минтақаи ҳануз аломатгузорӣ нашудаи  марзӣ, муғойр бо тавофуқоти дуҷониба мебошад.

Сокинони рустои Сомониёни ноҳияи Исфара низ ба сохти роҳи иртиботии ҷадиди қирғизҳо, ки бояд дар ин русто воқеъ шавад, муътариз ҳастанд.

Дар поёни ин давр аз музокирот барои назорат бар вазъияти амниятӣ ва пешгири аз даргириҳои эҳтимолӣ миёни сокинони рустоҳои марзӣ, гаштзании гурӯҳии муштараки полиси Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шудааст.

Дар пайи ду даҳа музокирот барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, токунун байни ду кишвар тавофуқе ҳосил шуд, вале миқдоре низ ҳануз хати марзӣ мушахас нашудааст.

 

Бештар бихонед:

Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷамъоварии пулҳои пиёдагард дар ноҳияҳои марзӣ