Миллиноҳо афғонӣ дар хатари гуруснагӣ ва фақр
(last modified Sat, 04 Dec 2021 09:28:14 GMT )
Декабр 04, 2021 14:28 Asia/Dushanbe
  • Миллиноҳо афғонӣ дар хатари гуруснагӣ ва фақр

Созмони Миллали Муттаҳид эълом кард, 23 миллион нафар дар Афғонистон бо хатари гуруснагӣ ва фақри шадид мувоҷеҳ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузори Ово, Бабар Балох, сухангӯи СММ дар умури паноҳандагон пас аз боздид аз Афғонистон эълом кард: Хонаводаҳои бесарпаноҳ дар Афғонистон ниёзманди либоси гарм, маводи сӯзишворӣ барои гарм нигоҳдоштан, маводи ғизоӣ ва доруӣ ҳастанд.

Вай афзуд: Буҳрони башарӣ ба гунаи рӯзафзун дар Афғонистон зиёд мешавад ва гуруснагӣ дар ин кишвар ба мизони бесобиқа расидааст.

Балох ҳамчунин дар бораи осибпазирии кудакони Афғон ҳамзамон бо афзоиши мушкилоти ин киншвар ҳушдор доду гуфт, як миллион кудак дар Афғонистон бо хатароти ҳамзамонии марг рӯбарӯ шудаанд.

Пеш аз ин маркази мудирияти Пизишкони бедуни марз дар Ҳирот дар ғарби Афғонистон эълом кард, ҷанг ва даргирии чанд сола дар ин кишвар сабаб шуд, ки аксари афғонҳо ба камбуди тағзия дучор шаванд.

Изҳороти масъулон, ниҳодҳои башардустона ва байналмилалӣ дар бораи мушкилоти фақр ва гурустангии мардум дар ҳоле аст, ки кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ба баҳонаҳои мухталиф сармояҳо ва дороиҳои Афғонистонро пас аз қудрат гирифтани Толибон дар ин кишвар ба баҳонаҳои беасос масдуд карданд.

 

Бештар бихонед:

Ҳушдори СММ дар бораи марги миллионҳо афғон бар асари гуруснагӣ