Дидори Аҳмади Масъуд бо раиси ширкати амниятии Блак Вотер
(last modified Wed, 08 Dec 2021 12:00:06 GMT )
Декабр 08, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Дидори Аҳмади Масъуд бо раиси ширкати амниятии Блак Вотер

Як манбаи хабарии огоҳ эълом кард, раҳбари муқовимати Панҷшер бо раиси ширкати амниятии Блок Вотер дар Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши “Меҳр” як манбаи огоҳ гуфт, Аҳмади Масъуд бо Эрик Принс, бунёнгузор ва раиси гуруҳи шибҳинизомии хусусии Блак Вотер дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мулоқот кардааст.

Ба гузориши “Теҳрон Таймс”, коршиносони сиёсӣ ин иқдоми вайро далели аслии шикасти Ҷабҳаи миллии муқовимат дар Афғонистон медонанд.

Номи Блок Вотер, ки як гуруҳи шибҳинизомии амрикоии мутааллиқ ба бахши хусусӣ аст, дар соли 2007, замоне ки гуруҳе аз кормандонаш 17 шаҳрванди ироқиро кушта ва 20 нафари дигарро дар майдоне дар Бағдод маҷруҳ карданд, дар афкори умумӣ матраҳ шуд.

Ин ширкат бар асоси қарордоди худ бо Вашингтон, иқдом ба ироаи хадамоти амниятӣ ба давлати федералии Иёлоти Муттаҳида карда ва аз соли 2003 низ ба созмони СIА хидматрасонӣ мекунад.

Бо вуҷуди тасарруфи Панҷшер тавассути давлати муваққати Толибон дар моҳи сентябр, мухолифон ба раҳбарии Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раиси ҷумҳурӣ ва Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари куҳнакори зидди Толибон, ҳар аз гоҳе аз муқовимат дар ин вилоят суҳбат мекунанд.