Корона дар Афғонистон ; Шиносоии 12 бемор ва ҷон бохтани ду нафар
(last modified Mon, 13 Dec 2021 12:43:39 GMT )
Декабр 13, 2021 17:43 Asia/Dushanbe
  • Корона дар Афғонистон ; Шиносоии 12 бемор ва ҷон бохтани ду нафар

Бар асоси охирин омори Вазорати сиҳҳати оммаи Толибон таи 24 соъати гузашта 12 бемори коронаӣ шиносоӣ шуданд ва ду нафар низ ҷон бохтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷовиди Ҳажир-сухангӯи Вазорати сиҳҳати оммаи Толибон гуфт : Дар ҳоли ҳозир ҳар рӯза 700 намуна аз афроди машкук ба вируси корона гирифта мешаванд .

Ӯ афзуд : Шумори мавориди мусбати корона кам буда ва қурбониёни он ҳам нисбат ба гузашта камтар шудааст .
Ҷовиди Ҳажир-сухангӯи Вазорати сиҳҳати оммаи Толибон изҳор кард,ки аз 700 намунаи гирифташуда  фақат 12 мавриди мусбат буд .Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати сиҳҳати оммаи Толибон, аз замони тасаллути онҳо дар Афғонистон то кунун ҳудуди 55 ҳазор намунаи озмоиши корона аз шаҳрвандони афғон гирифта шуда, ки 5300 маврид аз онҳо мусбат будааст.

То кунун 290 тан дар Афғонистон бар асари ибтило ба корона фавт карданд.