Дифоъ аз ҳаққи кӯдакон барои таҳсил дар Қирғизистон
(last modified Thu, 16 Dec 2021 10:17:22 GMT )
Декабр 16, 2021 15:17 Asia/Dushanbe
  • Дифоъ аз ҳаққи кӯдакон барои таҳсил дар Қирғизистон

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон, дар мавриди иқдомоти фаврӣ барои тазмини ҳақи қонунии кӯдакон барои дарёфти омузиш имзо кард.

Содир Ҷаббовор, раиси ҷумҳурии Қирғизистон фармони иқдомоти фаврии тазмини ҳақи қонунии кӯдакон барои дарёфти омузиши умумии ибтидоӣ ва миёна имзо кард.

Ба унвони бахше аз ин фармон Раиси Ҷумҳур дастуроте ба кобинаи вазирон, вазоратхонаҳо, мақомоти маҳаллӣ ва додситонии кул дод то лойҳаро танзим кунанд, ки волидайнро маҷбур ба риъояти ҳақи таҳсили кудакон кунад.

Яке аз мушкилоти низоми омузишӣ дар Қирғизистон афзоиши теъдоди кӯдаконе аст, ки ба далилҳои мухталиф таҳсил намекунанд, бисёре аз кӯдакон пешдабистонӣ ва роҳнамоие, ки дар манотиқи рустоӣ ва шаҳри зиндагӣ мекунанд ба мактаб намераванд ё ба таври номуназам дар дарсҳо ширкат мекунанд.

Бино бар фармони нав, масъулини марбута маҷбур мешаванд то ба манзури иҷрои ҳуқуқи асосии шаҳрвандони Қирғизистон шароити лозимро барои пазириши донишомузон дар пояҳои аввали дабистон фароҳам кунанд ва донишомузоне, ки дар хониш заъиф ҳастанд, шиносоӣ ва барои омузиши онҳо тадобир иттихоз кунанд.