Декабр 21, 2021 14:53 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Ҳинд ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар мавриди Афғонистон

Дар нишасти вазирони хориҷаи Ҳинд ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ, зимни таъкид бар мудохила накардан дар умури дохилии Афғонистон, дар мавриди ирсоли кумакҳои фаврӣ ба ин кишвар тавофуқ шуд.

Ба гузориши Садои афғон (Ово) вазирони хориҷаи Ҳинд, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ин нишаст таъкид карданд, ки дар мавриди ташкили давлати фарогир дар Афғонистон, мубориза бо тероризм, ироаи кӯмакҳои башардустона ва ҳифзи  ҳуқуқи заонон, кӯдакон ва дигар ақвоми ин кишвар ҳамфикрии ҷаҳони вуҷуд дорад.

Таҳавулоти ахир дар Афғонистон пас аз ба қудрат расидани Толибон барои кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд аз аҳамияти вижае бархурдор аст.

Пеш аз ин дар моҳи ноябр мушовирони амнияти миллии Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар гуфтугӯҳои минтақаӣ ба мизбонии Ҳинд дар мавриди Афғонистон ширкат карданд.

Барчасп