Эътирози шаҳрвандони кобулӣ ба масдуд мондани захоири арзӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i78518-Эътирози_шаҳрвандони_кобулӣ_ба_масдуд_мондани_захоири_арзӣ
Гуруҳе аз шаҳрвандони Кобул имрӯз, сешанбе дар эътироз ба масдуд мондани миллиардҳо доллар аз захоири арзии Афғонистон тавассути Амрико ва кишварҳои дигар, даст ба эътироз заданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 21, 2021 16:58 Asia/Dushanbe
  • Муътаризон бо дар даст доштани шиорҳое ба забонҳои англисӣ Амрикоро истеъморгар хонданд
    Муътаризон бо дар даст доштани шиорҳое ба забонҳои англисӣ Амрикоро истеъморгар хонданд

Гуруҳе аз шаҳрвандони Кобул имрӯз, сешанбе дар эътироз ба масдуд мондани миллиардҳо доллар аз захоири арзии Афғонистон тавассути Амрико ва кишварҳои дигар, даст ба эътироз заданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, тазоҳуроткунандагон аз Амрико ва кишварҳои ғарбӣ хостанд, ки дороиҳои Афғонистонро озод созад то вазъияти иқтисодии кишвар аз ҳолати буҳронии феълӣ раҳоӣ ёбад.

Муътаризон бо дар даст доштани шиорҳое ба забонҳои англисӣ, Амрикоро истеъморгар хонданд ва аз ин кишвар хостанд ҳар чӣ зудтар пулҳои басташудаи Афғонистонро озод кунад.

Ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор мешавад, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон дар 15 августи соли 2021 мелодӣ, Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ беш аз 9. 5 миллиард доллар сармояҳои Афғонистонро блок ва дастрасии Толибонро ба он қатъ кардаанд; иқдоме, ки вазъияти иқтисодии ин кишварро вахимтар кардааст.

 

Бештар бихонед: