Вазири дифоъи Тоҷикистон ҳамкории низомӣ бо Узбакистонро муҳим хонд
(last modified Mon, 27 Dec 2021 09:50:56 GMT )
Декабр 27, 2021 14:50 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифоъи Тоҷикистон ҳамкории низомӣ бо Узбакистонро муҳим хонд

Вазири дифоъи Тоҷикистон тасвиби 3 тафоҳумномаи ҳамкории низомӣ бо Узбакистон дар Маҷлиси намояндагонро бисёр муҳим арзёбӣ кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Шералӣ Мирзо гуфт, ин се созишнома шомили ҳамкориҳо дар заминаҳои дифоъи ҳавоӣ, истифода аз фурудгоҳҳои ду кишвар дар сурати ба вуҷуд омадани шаройити изтирорӣ ва ҳамонҳангӣ миёни созмонҳои итилоъоти низомии вазоратҳои дифоъи Тоҷикистон ва Узбакистон мешавад.

Вай бо ишора ба вазъияти Афғонистон ва таъсири он бар амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Узбакистонро роҳбурдӣ донист.

Имзои ин санад дар сафари Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбакистон ба Тоҷикистон дар июни соли ҷорӣ тавофуқ шуд.